Ҳусусиятҳои навтарини «Firefox»
-
Овози мағалро паст кунед
Намоиши рекламаро манъ кунед ва махфияти худро бо танзимоти фармоишӣ ва садҳо васеъшавии боргиришаванда такмил диҳед.
-
Бо якчанд вазифа машғул ҳастед?
Ба реҷаи хониш гузаред, видеоҳоро дар равзанаи зоҳиршаванда тамошо кунед ва бо истифода аз варақаҳои амудӣ ва гурӯҳҳои варақаҳо фаъолияти худро бештар ташкил намоед.
-
Ҳамаи варақаҳои худро ҳаматарафа идора кунед
Варақаҳои такрориро пӯшед, ҷустуҷӯ кунед ва варақаҳои кушодаро васл намоед — имкониятҳои беохир барои миқдори бешумори варақаҳое, ки метавонед кушода доред.
Браузереро ба даст оред, ки ба шумо дар иҷрои кор кумак мекунад
Васоити пайгирии рекламавиро ҳатто ба онҳо даст нарасида, манъ кунед
Воситаҳои пайгирии рекламавӣ метавонанд раванди боркунии саҳифаҳои сомонаҳоро ба таври назаррас суст намоянд. Дар «Firefox» корбарон бояд барои рафъ кардани ин масъала дар танзимот амалҳои иловагиро анҷом надиҳанд, зеро ки аксари воситаҳои пайгирӣ аз ҷониби браузер ба таври худкор манъ карда мешаванд.
Аз чизҳои парешон даст кашед
Бо истифода аз васеъшавиҳо, аз қабили «Tomato Clock» ва «Turn Off the Lights» диққати худро ба иҷрои вазифаҳо равона намоед. Ин васеъшавиҳо тавсия дода мешаванд, зеро ки онҳо сифати баланд, амният ва вазифаҳои истисноиро таъмин менамоянд.
Маводи шумо, дар ҳамаи экранҳои шумо
Браузери «Firefox»-ро барои дастгоҳи мобилии худ ба даст оред, то тавонед ниҳонвожаҳо, варақаҳо ва таърихи тамошобинии худро — аз он ҷумла махфият ва амнияте, ки шумо ба он такя мекунед — ба ҳар куҷое, ки шумо наравед бо худ баред.
Махфият дарунсохт
Маълумоти шахсии шумо барои фурӯш пешбинӣ нашудааст. Васоити пайгирӣ ва кукиҳои тарафи сеюм ба таври пешфарз манъ карда мешаванд, аз ин рӯ шумо метавонед ба сомонаҳо бе монеа дастрасӣ пайдо кунед.
Бифаҳмед, ки чӣ тавр «Firefox» маълумоти шуморо муҳофизат мекунад*Дар ҳақиқат* онро аз они худ кунед
-
Боақлтар кор кунед, ҷиддитар иҷро намоед
Имкониятҳои таҳқиқотӣ, харидорӣ ва ғайраро ба воситаи васеъшавиҳо баррасӣ намоед.
-
Хуш бош, браузери зиқовар!
Интернет метавонад макони гулобӣ бошад, агар шумо аз мавзуи ҷузъи иловагӣ истифода баред.
Зиёда аз 20+ сол бе ягон соҳибкори миллиардер
Браузери «Firefox» дар соли 2004 аз ҷониби ташкилоти «Mozilla» ҳамчун имконияти зудтар, махфитар ва ҳалли қобили танзим нисбат ба браузерҳои ба монанди «Internet Explorer» сохта шудааст. Имрӯз, мо то ҳол ҳамон ташкилоти ғайритиҷоратӣ ҳастем, то ҳол ба ягон миллиардер тааллуқ надорем ва то ҳол барои беҳтар кардани Интернет ва вақти шумо, ки дар онлайн сарф мекунед, саҳм мегузорем.